"Озодӣ", Asia-Plus, Раҷаби Мирзо ва озодии баён. Умед ба оянда ҳаст ё не?
     TJ RU EN
05:44 / 2024-12-20

"Озодӣ", Asia-Plus, Раҷаби Мирзо ва озодии баён. Умед ба оянда ҳаст ё не?

Мақомоти Тоҷикистон дар ростои интихоботи соли оянда фишор ба матбуотро таҳким доданд. Ҳамагӣ чанд расонаи мустақил дар кишвар боқӣ мондааст.

Матлабе пас аз як сафари кӯтоҳи хабарнигори маскавии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Мэтю Лаксмор ба Тоҷикистон

Гашти рӯз блогнависон, хабарнигорон ва донишомӯзони рӯзноманигорӣ ҷамъ омадаанд, то ҳунари худро дар гузоришгарии чандрасонаӣ сайқал диҳанд.

Онҳо дар синфхонаи танг бар сари планшетҳо хамида, роҳҳои пешниҳоди маълумот, ҷалби бинанда ва рӯшанӣ андохтан ба муҳимтарин масъалаҳои ватани худ, Тоҷикистони гирифтори фақр ва фасодро баҳс мекунанд.

Дар поёни дарс онҳо тарҳҳои ниҳоии худро пешкаш менамоянд, ки натиҷаи омӯзиши якҳафтаина мебошанд. Дар кишваре, ки танқид кардани мақомот мумкин хатарҳо оварад, баъзе аз идеяҳо дар бунбаст дармемонанд.

Шамшод, яке аз шогирдони ин давраи омӯзишӣ, омори ғамангезеро таҳқиқ мекунад: Ҳар сол ҷасади 1000 муҳоҷири тоҷик аз Русия ба ватан оварда мешавад, муҳоҷироне, ки дар шароити вазнин бо музди кам ва асосан дар сохтмон кор мекунанд. Харҷи овардани ҷасади онҳоро кӣ бояд диҳад?

Хабарнигори дигар, Ҳафизуллоҳ, мехоҳад, пайомадҳои ислоҳоти тарҳрезишуда дар соҳаи маорифро таҳлил намояд ва Малоҳат, корманди сомона, шеваи идораи Боғи ҷонварони Душанберо, ки гуфта мешавад, дар он ҷо ҳайвонот дар шароити бад нигаҳдорӣ мешаванд.

"Бовар доред, ки одамон ҳақиқатро хоҳанд гуфт?", -- мепурсад Раҷаби Мирзо, сардори давраи омӯзишӣ ва журналисти машҳури тоҷик. "Ба ҳуҷҷатҳо, омор, буҷа ва харҷҳо дастарсӣ хоҳед дошт?"

Пурсишҳо барои Малоҳат ногаҳониянд. "Талош мекунам", -- посух медиҳад ӯ. "Коре мекунам, ки ҳамаи маълумоти заруриро ба даст орам."

Малоҳат ва "ҳамсинфонаш" вориди фазои расонаие мешаванд, ки ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, онро зери назорат дошта бошад. Ин рӯзноманигорон, ки синнашон байни 20 то 25 аст, умри худро таҳти ҳокимияти Эмомалӣ Раҳмони 67-сола гузарондаанд, ки дар соли 1992, дар поёни ҷанги дохилие, ки даҳҳо ҳазор кушта ва гуреза дошт, қудратро ба даст гирифт.

Бо имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997 ва одӣ шудани вазъият Раҳмон дар интихоботҳое, ки шаффофияти онҳо зери суол аст, ҳокимиятро нигоҳ дошт ва дертар ба сокит кардан ё ихроҷи мухолифон ва ҳам тақвияти назорат бар матбуот иқдом намуд. Акнун бе ҳукми додгоҳ расонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баставу боз мешаванд, дар ҳоле ки аз ним камтари аҳолӣ ба интернет дастрасӣ дорад.

Агар замоне Раҳмон аз овехта шудани аксҳояш дар кӯчаву хиёбонҳо норозӣ буд, ҳоло портретҳои азим ва барқади ӯ сари ҳар гардише дида мешаванд, бо шиорҳои "Пешвои мо -- ифтихори мо!" ва дар гузоришҳои хабарии телевизионҳои давлатӣ ноаён таблиғу таҳсини раҳбари давлат ва ситоиш аз кори ҳукумат мақоми асосӣ касб мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар беруни кишвар ҳукумати он ба даст доштан дар фасоди густарда ва хешутаборбозӣ айбдор мешавад.

Ҳар зикри номи Раҳмон дар матбуот ҳатмист, ки бо номбар шудани унвонҳои ӯ сурат гирад: Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдат ва феъли хабарҳое, ки чунин мубтадо доранд, бояд дар шахси сеюми ҷамъ оварда шавад.

"Имрӯз мешавад гуфт, ягон садои мустақил намондааст", -- гуфт Раҷаби Мирзо ба ман вақте ки барои шогирдонаш танаффус эълон кард. "Пешбинӣ кардан мушкил аст, ки оянда чӣ мешавад."

Бастани даҳони матбуот

Давраҳои омӯзишие, ки Раҷаби Мирзо пеш мебарад, бо талошҳои созмони ғайридавлатии Хoмa роҳандозӣ шудаанд. Сармояро барои онҳо Сафорати Ҳолланд, Бунёди Ҷомеаи Боз, Бунёди Рушди Байнулмилали Амрико ва дигарон медиҳанд. Ҳар сол чанд дафъа ин созмон барои журналистон дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, давраҳои омӯзишӣ баргузор мекунад. Ин яке аз марказҳоест, ки журналистони мунаққид бо намояндагон вомехӯранд ва шумораи чунин маконҳо то рафт ва босуръат камтар мешавад.

Дар ростои интихоботҳои порлумонӣ ва президентии соли оянда, мунаққидон мегӯянд, ҳукумати Раҳмон ба эҳтимоли зиёд талош хоҳад кард, ки давраи раёсати ӯро тамдид кунад ё гузори қудратро ба писари 31-солаи ӯ, Рустам, созмон диҳад. Ба ин сабаб кӯшиш мешавад, ки ҳама гуна матбуоти берун аз назорати худро шикаст диҳад.

Журналистони зиёде аз кишвар берун ронда шуданд. Яке аз парвандаҳои ахир ба Хайрулло Мирсаидов пайванд мегирад, ки моҳи август, пас аз нуҳ моҳи зиндон аз ҳукми 12-сола бо иттиҳоми сирқат озод шуд. Ҳабси ӯ дар моҳи декабри соли 2017 пас аз он рух дод, ки вай мақоми баландпояи ҳукуматро ба фасод айбдор намуд. Моҳи январ, дар ҳоле ки Мирсаидов дар хориҷа табобат мегирифт, ӯро боз муҳокима ва ба 8 моҳи зиндон маҳкум карданд. Вай тасмим гирифт, ки ба ватан барнагардад.

Бино ба огоҳии NGO IREX, ки аз соли 2001 ба ин сӯ вазъи матбуотро баррасӣ мекунад, дар соли 2018 дар Тоҷикистон ҳамагӣ ҳашт тадқиқоти журналистии иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ ба нашр расидааст.

Аксари онҳо кори Радиои Озодӣ, бахше аз Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ будаанд, ки аз тарафи Конгрессии ИМА сармоягузорӣ мешавад, то кишварҳое, ки дастрасӣ ба маълумоти озод дар онҳо маҳдуд аст, кумак кунад. Ин расона мунтазам масъалаҳоеро бозтоб медиҳад, ки дар Тоҷикистон ҳассос шумурда мешаванд. Ба монанди "сарбозшикор"-и ҷавонон барои артиш, саркӯби мухолифон ё фабрикаи ҷавобе, ки мунаққидони президентро ҳадаф қарор медиҳад.

Моҳи ноябри соли 2016 Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аккредитатсияи шаш хабарнигори онро, ки дар бораи дар ин вазорат ба вазифаи баланд таъйин шудани духтари президент хабар дода буданд, бозпас гирифт. Ин дар ҳоле буд, ки худи вазорат дар сомонааш чунин хабарро нашр карда буд, вале бо пайдо шудани он дар Радиои Озодӣ, хабарро аз байн бурд.

Мирзонабии Холиқзод, муаллифи ин хабар ва ҳоло Сарпарасти Дафтари Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон, гуфт, пеш аз он воқеа низ ҳолате шуда буд, ки дастрасӣ ба мансабдорони давлатӣ тақрибан номумкин гашт. "Онҳо моро эҳтиром мекунанд, вале суолҳои моро дӯст намедоранд", -- гуфт ӯ ва афзуд: "Мақомдорон бо шунидани номи Озодӣ гӯшии телефонро мегузоранд."

Се ҳафта пеш аз ин воқеа мақомоти Тоҷикистон талаб карда буданд, ки ҳушдори Вазорати умури хориҷии Амрико аз амнияти сафар ба Тоҷикистон аз сомона бардошта шавад. "Озодӣ" ин талабро рад кард. Моҳи августи имсол вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддини Муҳриддин дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки вазорати ӯ “шояд он хабарнигорони Радиои Озодиро, ки бо мақолаҳояшон ба сиёсати ҷории ҳукумат хурдтарин зарар мерасонанд, сабти ном" накунад.

Масъалаи аккредитатсия ё парвонаи кори журналистони Радиои Озодӣ аз моҳи апрели соли равон доғ шуд ва имрӯз 11 хабарнигору корманди фаннии намояндагии он дар Душанбе аз ҳаққи кор маҳрум мондаанд.

Рӯзи 31-уми октябр, пас аз баёнияҳои бешумори созмонҳои байнулмилалӣ ва ватанӣ Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба 6 хабарнигор парвонаи нимсола ва ба як нафар семоҳа дод, ду нафари дигар, аз ҷумла Холиқзод аз ҳаққи кор дар радио маҳрум шуданд.

Ин ҳол сабаб шуд, ки Ҷеймӣ Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯзи 31-уми октябр дар номае ба вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, рӯзноманигорони ин расона "ба фишорҳо дар мавриди гузоришҳоямон дар мавриди Тоҷикистон ва берун аз он тан нахоҳад дод".

"Ба ҷойи пардохтан ба нигарониҳои мо, вазорати шумо фақат дирӯз ба дархостҳои батакрори мо барои дарёфти аккредитатсия посух дод. Ва он ҳам ба танҳо бо таъйиди ҷузъӣ, ки ҳуқуқи аслии рӯзноманигорони мо барои корро ба расмият намешиносад", -- омадааст дар номаи Ҷеймӣ Флай.

Таҳти айни фишорҳои Флай президент Раҳмон дар дидори рӯзи 7-уми ноябри тарафҳо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро ба нақзи қонунҳои Тоҷикистон айбдор кард ва гуфт, ин расона "бештар ба ташвиқу тарғиби хабарҳои вобаста ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташон манъ шудааст, машғул аст".

Дар ин байн ягона расонаи мустақили Тоҷикистон низ ҳоли беҳтаре надорад.

Худсонсурӣ ба хотири мондан

Сомонаи хабарии​ Asia-Plus, як ниҳоди хусусӣ, ки ҳамчунин ширкати телевизионӣ, рӯзнома ва радиоро дар бар мегирад, аз соли 2012 ба ин сӯ бастааст. Ин ҳол расонаро водор кардааст, асосан ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби худро ба хонандагон расонад.

Сардабири он Олга Тутбалина мегӯяд, Asia-Plus маҷбур аст, ба хотири зинда мондан аз мавзӯъҳои ҳассос пурра канораҷӯӣ кунад. "Чизҳое ҳастанд, ки беҳтараш дар бораи онҳо нанависед, зеро ҳукумат шуморо барбод медиҳад", -- гуфт ӯ дар мусоҳибае дар коргоҳи ин расона дар Душанбе. "Ва чизҳое ҳастанд, ки беҳтар аст дар бораи онҳо нанависед, зеро онҳо шуморо ҳабс хоҳанд кард."

Ҳадди ақал қисман далели расмии маҳдудиятҳои озодии баён хатари терроризми исломист, ки пас аз баромадани ҷангҷӯёни тоҷик аз Сурия махсусан шадид аст.

Моҳи июни соли 2018, дучархаронҳои хориҷӣ дар масири Душанбе ҳадафи ҳамлае қарор ёфтанд, ки баъдан масъулияти онро гурӯҳи "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт, аммо ҳукумат Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро дар он айбдор кард. Ин гуруҳ, ки як замон оппозитсияи воқеии Раҳмон дар дохили кишвар буд, соли 2015 созмони террористӣ ва мамнуъ эълон шуд. Тутубалина мегӯяд, рӯзноманигорони тоҷик, ҳатто танҳо барои ном бурдани ин гуруҳ метавонанд ҳадафи ҷавобгарии ҷиноӣ шаванд. Ё агар танқиди президент таҳқир шумурда шавад, низ муҷозот дар пай хоҳад дошт.

Воқеаи ахир, ки мақомот онро ҳамлаи ДОИШ ба посгоҳи марзии "Ишқобод" дар қитъаи Султонободи марзи Тоҷикистону Узбекистон меноманд, бори дигар нишон дод, ки эҳтиёткориҳои давлат сабаб ва заминаҳои худро доранд. Аммо баёнияҳо ва бахусус аксҳое, ки ин мақомот нашр карданду баъдан аз байн бурданд, фарзияи расмиро зери суол мебарад. Пажуҳиши Радиои Озодӣ, ки фарзияҳои дигарро бо такя ба чандин манбаъ гирдоварӣ намуд, сабаби он гашт, ки дастрасӣ ба ин сомона дар Тоҷикистон маҳдуд гардад.

Бо вуҷуди сайтбандиҳо Asia-Plus барои тоҷикони таҳсилкарда ба ҳайси манбаи асосии хабарҳо мондааст ва ҳатто мансабдорони давлат иқрор мекунанд, ки бо истифода аз садшиканҳо ё VPN вориди сомонаи он мешаванд, то аз хабарҳо ноогоҳ набошанд. Аммо хатари баста шудан воқеист, мегӯяд Тутубалина. "Агар корҳо табъи дили мо мешуд, дар ҷомеаи демократӣ, мо метавонистем, дар бораи ҳама чиз нависем", -- гуфт ӯ ва афзуд, "аммо ҳоло мо фақат шукрона мекунем, ки моро комилан набастаанд."

"Поёни давра"

Раҷаби Мирзо бо ҳамин гуна умедҳо 15 соли умрашро талаф дод. Дар соли 2003 ӯ ҳафтаномаи "Рӯзи нав"-ро таъсис дода буд, ки бо тиражи 30 000 нусха маҳбубтарин нашрияи Тоҷикистон буд.

Ин вақти толеъдор буд. Охири солҳои 90-ум ва оғози солҳои 2000-ум, ба нашри баъзе аз васоити ахбори оммаи озод - асосан рӯзномаҳое иҷозат доданд, ки аз гурӯҳҳои омехтаи оппозитсиюнӣ намояндагӣ мекарданд. Аммо, гуфт Мирзо, ҳукумати Раҳмон рӯзноманигоронро ба ҷудоиандозӣ ва оташ додани ҷанги шаҳрвандӣ айбдор кард ва чунин озурдагӣ боқӣ монд. Даҳҳо рӯзноманигор фирор кард.

Соли 2004, ӯ аз ду ҳамлаи бераҳмонаи ҳамлагарони номаълум ҷон ба саломат бурд. Дар моҳи январ ӯро ҳамроҳи як ҳампешааш дар Хуҷанд рабудаанд. Дар моҳи июли ҳамон сол ӯ берун аз хонаи худ дар Душанбе берун ҷаҳид. Захмҳои амиқи ҷабинаш аз зарбаи кастет мондаанд. Пас аз як моҳи ин ҳодиса, ҳукумат "Рӯзи нав"-ро баст.

"Ин поёни давра буд", -- гуфт ӯ, "шахсан барои ман ва ҳам барои Тоҷикистон."

Имрӯзҳо Мирзо дар Фейсбук блогеро бо номи Akhbor Baroi Afkor мудирӣ мекунад, ки зиёда аз 40 000 узв дорад ва аксари ҷустори он аз танқиди ҳукумат иборатанд. Пас аз қариб 30 соли хабарнигорӣ, мегӯяд ӯ, чизе барои пинҳон кардан надорад.

"Ман одами боз ҳастам ва онҳо медонанд, ки ман чӣ кор мекунам," -- гуфт ӯ дар бораи ҳукумат. "Ман бисёр вақт мебинам, ки маро мепоянд, вале агар пештарҳо ҳисси тарс буд, ҳоло ҳеч чиз нест."

Хушбинии ӯ дар бобати ояндаи рӯзноманигории тоҷик эҳтиёткорона аст ва бастагӣ ба он дорад, ки агар президент соли оянда ба истироҳат равад. "Агар писари Раҳмон сари қудрат ояд, мумкин ӯ демократитар бошад ва шояд фазо бозтару озодтар шавад," гуфт ӯ дар бораи Рустами Эмомалӣ, ки ҳоло шаҳрдори Душанбест. "Вале агар Раҳмон худаш боз президент шуданӣ бошад, онҳо гайкаҳоро сахттар хоҳанд тофт."

"Охирин умеди бисёриҳо"

Руҳия дар Дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе, ки 23 хабарнигор ва панҷ корманди маъмурӣ дорад, дар он гашти рӯз саршор аз асабоният буд.

Ин расона моҳи март, пас аз як пажуҳиши EurasiaNet, зери оташ қарор гирифт, ки онро ба фасод, гузоришгарии мусбат нисбати ҳукумат ва пок кардани мақолаҳо бо дастури хадамоти амнияти давлатӣ айбдор намуд.

Раҳбарияти РАО/РО ваъда кард, ки тафтиши таҳрирӣ баргузор ва ​камбудҳоро ислоҳ мекунад. Ду мудири аршад дар баҳори он сол барканор карда шуданд. Бисёриҳо гуфтанд, расона дар миёни обу оташ ё путку сандон монд. Зери фишори шадиди ҳукумат, ки бо нигоҳ доштани шеваи пешина имкони кор кардан дар Тоҷикистон нигоҳ дошта шавад.

Вале кормандони "Озодӣ" мегӯянд, пас аз тағйироти кадрӣ, ягон матлаб таҳти фишор иваз карда нашудааст ва расона роҳи худро ҷасурона ва дақиқкорона идома хоҳад дод.

"Одамон тарафдори моянд, ҳатто бисёре аз мансабдорони давлатӣ вақте ки моро дар кӯча мебинанд, мегӯянд, "Озодӣ" бояд озод бошад ва кор кунад", -- гуфт Шодмони Ятим, ки аз соли 2013 хабарнигори ин расона аст ва ҳамоно мунтазири парвонаи кор ё аккредитатсия. "Вале вақте ки онҳо дар мазҳари ом пурсида мешаванд, чизи тамоман дигаре мегӯянд," -- мегӯяд ӯ дар бораи мансабдорони давлатӣ.

Шаҳло Абдуллоева, видео-журналисти "Озодӣ" гуфт, ончӣ ӯро ба ин даргоҳ овард, обрӯйи он ҳамчун яке аз чанд пойгоҳи охирин аст, ки мардуми одӣ дар ҷустуҷӯи адолат ба дараш меоянд.

"Мо барои бисёриҳои умеди охирин ҳастем. Вақте ки гапи онҳоро дар ҳеч куҷо намешунаванд, онҳо назди мо меоянд," -- гуфт ӯ. "Албатта, набояд ки чунин бошад, лек мо аз ин фахр мекунем."

Барои Тутубалина боқӣ мондани "Озодӣ" дар Тоҷикистон сифати кори Asia-Plus-ро боло мебарад ва ҳукуматро ҳушёр медорад.

"Озодӣ" рақиби асосии мо дар Тоҷикистон аст. Вале агар он набошад, ҳама чиз барои мо ба маротиб бадтар хоҳад буд," -- гуфт ӯ. "Ба танҳоӣ зинда мондан номумкин аст."

https://www.ozodi.org/a/media-muzzled-tajik-ruling-family-prepares-to-extend-grip-on-power/30259729.html


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима